Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

МАРШИ ҲУРРИЯТ

Эй ситамдидагон, эй асирон! Вақти озодии мо расид. Муждагонӣ диҳед, эй фақирон! Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид. То ба кай ғусса хӯрдан ба ҳасрат, Баъд аз ин шодмонӣ намо! Бас ҷафо, бас ситам!.. Эй адолат! Дар ҷаҳон ҳукмронӣ намо! Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон! Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон! Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод Ранҷбар, барзгар бо тифоқ! Хуни мо шуд ҳадар рӯзгорон, Бар муроди ду-се нобакор. Бар муроди дили дӯстдорон, Ҷони ин нобакорон барор! Дар ҷаҳон зулми золим намонад, Ҳам ҷафо, ҳам ситам, ҳам нифоқ. Дар ҳама шаҳди шодӣ чашонад Ранҷбар, барзгар бо тифоқ! Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон! Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон! Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод Ранҷбар, барзгар бо тифоқ! Ҳар ситамгори дун хурраму шод Солҳо ҷоми ишрат чашид. Дар шаби тираи ҷавру бедод Ҳар ситамдида меҳнат кашид. Оқибат офтоби адолат Бар сари бенавоён битофт. Аз ҷаҳон нест шуд зулму зулмат, Мустабид дар ҷаҳаннам шитофт. Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон! Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон! Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!