Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

СУРУДИ МАКТАБ

(Саҳаргоҳон) Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво шуд, Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во шуд. Шумо, эй булбулони боғи мактаб, Саҳаргоҳон чаро хобед ҳар шаб? Шумо ҳам дар наво оед бояд, Ки то аз боғи маънӣ гул кушояд. Саҳаргоҳон гулистони дабистон Тароватбахш бошад чун гулистон. Чаро аз ин гулистон гул начинед? Чаро дар кунҷи бекорӣ нишинед?.. Биёед, эй шарикон, дарс хонем, Ба бекорию нодонӣ намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад... Биёед, эй рафиқони маонӣ, Ба ҳам гардем ҷӯёни маонӣ. Зи илму маърифат гар баҳра ёбем, Тавон бозуи нодонӣ битобем. Вагарна ҷаҳл бар мо ҳамла орад, Димор аз рӯзгори мо барорад.