Гашт бар дили маъюс васлҷӯ шудан мушкил,
Гашт бар дили маъюс васлҷӯ шудан мушкил,
Пунба дид: бо оташ рӯбарӯ шудан мушкил.
Сад шикаст агар ҷӯшад, дил фано намехоҳад,
Ранг будан осон аст, лек бӯ шудан мушкил.
Саҷдаи қабули ишқ рабти ҷабҳа бо хок аст,
Бе чунин таяммумҳо бовузӯ шудан мушкил.
Решаи нафас ҳарчанд бар фалак сар афрозад,
Қобили самар чун субҳ з-ин нумӯ шудан мушкил.
Шубҳаи висоле ҳаст, варна, то абад ин ҷост
Халқи ҳеҷро бе ӯ мовуту шудан мушкил.
Ишқ сад ҷунун пардохт, лек бо ҳавас кам сохт,
Бар табиати мард аст сифлахӯ шудан мушкил.
Зоҳид, аҳли ҷаннатро ҷурду мурд
мегӯянд,
Бе тароши риш аз ту содарӯ шудан мушкил.
Бигзарем аз ин дарё, сар агар қадам гардад,
Маҳрами шино ин ҷо бекаду шудан мушкил.
Улфати нафас оташ, ғайрати фано саркаш,
Сохтан ба худ душвор, пеши ӯ шудан мушкил.
Оҳ, як тааммулвор сар ба ҷайб кам бурдем,
Мавҷро дар ин дарё шуд фурӯ шудан мушкил.
Сайди ҳукми тақдирӣ, сар ба пеши по афкан,
Гардани заифонро нест мӯ шудан мушкил.
Дил ба дарз хурсанд аст, чорааш мафармоед,
Захмро, намебинӣ, чун руфӯ шудан мушкил.
Охир аз дили маъюс гашт бар мани Бедил
Узрхоҳи як олам орзу шудан мушкил.