Эй ҳузури мақдамат бар зиндагӣ бурҳони ман,
Эй ҳузури мақдамат бар зиндагӣ бурҳони ман,
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.
Дида бо дидор чун оина аҳде баста буд,
Кардаам забти нафас, то нагсалад паймони ман.
Бо ҳама дурӣ ҳузури қурби нозе доштам,
Бо камоли бехудӣ ғафлат набуд имкони ман.
Ҳар қадам ранге дигар пар мекушуд, огоҳ бош,
Дар тарабгоҳи хиромат гарди болафшони ман.
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.
Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз ҳасрати мижгони ман.
Ҳар куҷо мехӯрд овозе ба гӯши нозукат,
Бо тапиш сар мекашид он ҷо дили нолони ман.
Аз манозил маънии абёт медодам нишон,
Ҷода ҳам пеши ту сатре буд аз девони ман.
Дар адои шукри Ҳақ, к-аз ҳар чӣ гӯӣ, бартар аст,
То куҷо болад забони оҷизиунвони ман?
Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи аҳзони ман.
Туҳфае мехостам назри хиромат оварам,
Бенавоӣ узри тоқат рехт дар домони ман.
Гавҳари чанде арақ кардам, хиҷолатмоягист
Бар ҷабин афтод аз дасти тиҳӣ товони ман.
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман?
Бод то маҳшар, ба ҳаққи бедилонат, эй самад,
Дину давлат, фатҳу нусрат вақфи Шокирхони ман.