Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ХОЛИГАРӢ КАРДАНИ ИБЛИС

Ҷавоне баророст аз хештан, Сухангӯю бинодилу поктан. Ҳам эдун ба Заҳҳок бинҳод рӯй, Набудаш ҷуз аз офарин гуфтугӯй. Бад-ӯ гуфт: «Гар шоҳро дарх(в)арам, Яке номвар пок холигарам». Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ, Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ. Калиди хуришхонаи подшо Бад-ӯ дод дастури фармонраво. Фаровон набуд он замон парвариш, Ки камтар буд аз куштаниҳо х(в)ариш. Ҷуз аз рустаниҳо нахӯрданд чиз, Зи ҳарч-аз замин сар баровард низ. Пас Оҳармани бадкуниш рой кард, Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард. Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой Хуриш карда овард як-як ба ҷой. Ба хунаш бипарвард бар сони шер, Бад-он то кунад подшоро далер. Сухан ҳарчӣ гӯяд-ш, фармон кунад, Ба фармони ӯ дил гаравгон кунад. Хуриш зардаи хоя додаш нахуст, Бад-он дошташ чанд гаҳ тандуруст. Бихӯрду бар ӯ офарин кард сахт, Маза ёфт з-он хӯрданаш некбахт. Чунин гуфт иблиси найрангсоз, Ки «Ҷовид зӣ, шоҳи гарданфароз. Чу фардот аз он гуна созам х(в)ариш, К-аз ӯ бошадат сар ба сар парвариш.» Бирафту ҳама шаб сиголиш гирифт, Ки фардо чӣ созад зи хӯрдан шигифт. Дигар рӯз чун гунбади лоҷвард Бароварду бинмуд ёқути зард, Хуришҳо зи кабку тазарви сафед Бисозиду омад дили пурумед. Шаҳи тозиён чун ба хон даст бурд, Сари камхирад меҳр ӯро супурд.