Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ОШИҚАМЕ

Ҳар куҷое биравам, Рӯи ӯ дар назарам. Гар равам аз дари ӯ, Дар ҷаҳон дарбадарам. Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме, Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме! Ҳар чӣ коре бикунам, Пеши рӯяш хиҷилам. Ҳусни ӯ содаю ман Ошиқи содадилам. Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме, Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме! Номи ӯ номаи бахт, Номи ӯ номаи ишқ. Эй хушо дар дили ман Шӯру ҳангомаи ишқ! Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме, Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!