Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Соқӣ, ба ҷадал ҳал нашавад масъалаи мо

Соқӣ, ба ҷадал ҳал нашавад масъалаи мо, Май деҳ, ки зи ҳад мегузарад машғалаи мо. Дар роҳи талаб бодияву Каъба чӣ бошад, Сад бодияву Каъбаву як марҳалаи мо. Ин ҳарзадароён ҳама дар роҳ дароянд, Гар бонги дарое расад аз қофилаи мо. Пашмина сиёҳ аз сабаби зулфи ту кардем, Дар хирқа ба зулфи ту расад силсилаи мо. Зад аз дили мо шуъла бар авҷи фалак оташ, Шуд нурдеҳи базми фалак машъалаи мо. Моро гила аз хӯйи ту ин аст, ки ҳарчанд Кардем гила, гӯш накардӣ гилаи мо. Ҷомӣ, маталаб давлати васлаш, ки бурун аст Таҳсили чунин манзалат аз ҳавсалаи мо.