Дар шиканҷи иззатанд арбоби ҷоҳ,
Дар шиканҷи иззатанд арбоби ҷоҳ,
Оби гавҳар барнамеояд зи чоҳ.
Нахвати шоҳӣ даҳони аждар аст,
Шамъро дармекашад охир кулоҳ.
Умрҳо шуд, метапад бе рӯи дӯст
Чун раги ёқут дар хунам нигоҳ.
Дар хаёлаш маҳв шуд осори ман,
Ин катонро шуст охир нури моҳ.
Дар адабгоҳи хами абрӯи ӯ
Моҳи нав дорад забоне узрхоҳ,
Хонаи Маҷнуни мо ҳам дуд дошт,
Равзани чашми ғизолон шуд сиёҳ.
Шуълаи моро дар ин офатсаро
Ҷуз ба хокистар намебошад паноҳ.
Ноумедӣ дастгоҳи зиндагист,
Тору пуди кисвати субҳ аст оҳ.
Шарм дор, эй саркаш, аз лофи ғурур,
Нест боли шуълаат ҷуз барги коҳ.
Боғу бустон пур мукаррар мешавад,
Ҷониби дил ҳам нигоҳе гоҳ-гоҳ.
Дар тамошохонаи оинаам
Мешавад ҷавҳар, чу месӯзад нигоҳ.
Ишқро бар нақси истеъдоди ман
Гиряи абр аст бар ҳоли гиёҳ.
Мегудозад шамъу аз худ меравад,
К-эй ба худ вомондагон, ин аст роҳ.
Дам мазан, Бедил, агар соҳибдилӣ,
Маҳрами оинаро куфр аст оҳ.