Бинои ранги фитрат бар мизоҷи дун намебошад,
Бинои ранги фитрат бар мизоҷи дун намебошад,
Замини хонаи хуршед ҷуз гардун намебошад.
Шикасти кори дунё нест ташвиши димоғи ман,
Хаёли мӯйи чинӣ дар сари Маҷнун намебошад.
Каманди ҳимматам гироие дорад, ки чун гардун
Сари ман низ аз фитроки ман берун намебошад.
Ба домони қиёмат пок натвон кард мижгонам,
Нами чашме ки ман дорам, ба сад Ҷайҳун намебошад.
Кӣ дорад тоқати санги тарозуи адам будан?
Камам чандон, ки аз ман ҳеҷ кас афзун намебошад.
Дами тақрир
агар гоҳе нафас дуздам, макун айбам,
Ба таври аҳли маънӣ сакта номавзун намебошад.
Саводи ростбинӣ кардан аст, эй бехабар, равшан,
Хати тарсо ҳам ин ҷо он қадар вожун намебошад.
Ба сомони либос аз саъйи расвоӣ табарро
кун,
Иборат ҷуз гиребончокии мазмун намебошад.
Ҳазар кун аз шукуфтан, то набозӣ ранги ҷамъият,
Ҷароҳатҳо ҷуз оғӯши видоъи хун намебошад.
Дар ин ибратфазо то кай бисоти карруфар чидан?
Замоне беш гарди сел дар ҳомун намебошад.
Зару мол он қадар хуштар, ки хокаш кам хӯрад, Бедил,
Талоши ганҷ ҷуз сарманзили Қорун намебошад.