Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Нишоти ин баҳорам бе гули рӯят чӣ кор ояд?

Нишоти ин баҳорам бе гули рӯят чӣ кор ояд? Ту гар оӣ, тараб ояд, биҳишт ояд, баҳор ояд. Зи истиқболи нозат гар чаманро рухсате бошад, Ба сад товус бандад нахлу як оинавор ояд. Пур аст ин дашт аз сомони нахчири таманноят, Ҷунунтозе, ки сайди лоғари мо ҳам ба кор ояд. Ба сози мо набояд беш аз ин афсурдагӣ бастан, Хироме, то зи ҳар гоми ту мизробе ба тор ояд. Шукуфтан баски дорад ошён дар ҳар буни мӯят, Табассум гар ба лаб дуздӣ, чаманҳо дар фишор ояд. Надорад мавҷ бе васли гуҳар уммеди ҷамъият, Ҳамоғӯшат бароям, то канорам дар канор ояд. Ба барқи интизорам мегудозад шавқи дидоре, Таҳайюр медиҳам об, эй Худо, дидан ба бор ояд. Фалак ҳарчанд дар хоки адам резад ғуборамро, Саҳар гул чинад аз ҷайбам, даме, к-он шаҳсавор ояд. Чамантамҳиди ҳайрат рафта буд аз чашми муштоқон, Кунун гулчини чандин наргисистон интизор ояд. Шаб омад бар сари дурон, сияҳ шуд рӯзи маҳҷурон, Худовандо, кай он хуршеди ғурбатихтиёр ояд? Ҳазор оина аз дасти дуоям мезанад сайқал, Ки, ё Раб, он парирӯ бо мани Бедил дучор ояд.