Чун риштае, ки аз гираҳ огоҳ мешавад,
Чун риштае, ки аз гираҳ огоҳ мешавад,
Сад ҷода аз як обила кӯтоҳ мешавад.
Эй қосиди яқин, амалат
раҳзан асту бас,
Манзил макун баланд, ки бегоҳ мешавад.
Наққоши туст килки азал, гар назар кунӣ,
Одам мусаввар аз калафи моҳ мешавад.
Бешу ками ғано ҳама асмои ҳоҷат аст,
Фақр он замон ки гул кунад, Аллоҳ мешавад.
Бар хотами қаноати дарвешмашрабӣ
Кам нест ин, ки номи гадо шоҳ мешавад.
Аз офати ғурур ҳазар кун, ки ҳамчу шамъ
Чашм аз баландии мижаат чоҳ мешавад.
Барҳамзани виқори бузургист гуфтугӯ,
Кӯҳ аз садо хафифтар аз коҳ мешавад.
Чун осмон камоли бузургон фурӯтанист,
Вазъи тавозуъ оби рухи ҷоҳ мешавад.
Ҳар неъмате ки моидаи ҳирс чидааст,
Анҷоми рағбаташ ҳама икроҳ
мешавад.
Аз ҷодаи адаб манамоед инҳироф,279
По хасми доманаст, ки гумроҳ мешавад.
Ҷуз яъс нест карруфари лофи зиндагӣ,
Ҳар гаҳ нафас баланд шавад, оҳ мешавад.
Рӯзе ду аз ту шикваи толеъ ғанимат аст,
Ин олам аст, кори кӣ дилхоҳ мешавад?
Бедил, ба нола хӯ куну хоҳӣ хамӯш бош,
Инҳо фасонаест, ки кӯтоҳ мешавад.