Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз иззату хорӣ на умедест, на бимам,

Аз иззату хорӣ на умедест, на бимам, Ман гавҳари ғалтони худам, ашки ятимам. Дил нест бисоте, ки фузулӣ расад он ҷо, Тури адабам, сурмаи овози Калимам. Ҳарчанд сару барги матоъе дигарам нест, З-ин гарди нафас қофилаи мулки азимам. Аз неъмати бехост ба куфрон натавон зад, Муҳтоҷ наям, лек карим аст каримам. Аз сояи гумгашта маҷӯед сиёҳӣ, Шустанд ба сарчашмаи хуршед гилемам. Болидани ман то надарад ҷомаи офоқ, Бориктар аз риштаи таҳқиқи ҷасимам.415 Чашме накушудам, ки ба захме натапидам, Умрест, чу ибрат ба ҳамин кӯча муқимам. Бо теғ тараф гаштаам аз дасти саломат, Чун шамъ ба ҳар ҷо сари хеш аст ғанимам.416 Бе дарди саре нест саҳар низ дар ин боғ, Сандалбаҷабин мевазад аз дур насимам. Чун хӯшаи гандум чӣ диҳам арзи табассум? Аз хок паёмовари дилҳои дунимам. Бедил, наям имрӯз хиҷолаткаши ҳастӣ, Чун чарх сарафкандаи адвори қадимам.