Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

АШКИ ВОПАСИН

Ба кӯят бо дили шод омадам, бо чашми тар рафтам, Ба дил уммеди дармон доштам, дармондатар рафтам. Ту кӯтаҳдастиям мехостӣ в-арна мани мискин, Ба роҳи ишқ агар аз по дарафтодам, ба сар рафтам. Наёмад домани васлат ба дастам ҳар чӣ кӯшидам, Зи кӯят оқибат бо домане хуни ҷигар рафтам. Ҳарифон ҳар як оварданд аз савдои худ суде, Зиёноварда ман будам, ки дунболи ҳунар рафтам. Надонистам, ки ту кай омадӣ, эй дӯст, кай рафтӣ? Ба ман то мужда оварданд, ман аз худ бадар рафтам. Маро озурдию гуфтам, ки хоҳам рафт аз кӯят, Бале, рафтам, вале ҳар ҷо, ки рафтам, дар ба дар рафтам. Ба поят рехтам ашкею рафтам, даргузар аз ман Аз ин раҳ барнамегардам, ки чун шамъи саҳар рафтам. Ту рашки офтобӣ, кай ба дасти Соя меоӣ? Дареғо, охир аз кӯи ту бо ғам ҳамсафар рафтам.