РАЗМИ РУСТАМ БО ТУРОНИЁН
Чунин гуфт пас Гев бо паҳлавон,
Ки «Эй нозиши шаҳрёру гавон.
Шавам, раҳ бигирам бар Афросиёб,
Намонам, ки ояд бад-он рӯи об.
Сари пул бигирам бад-он бадгумон,
Бидорам-ш аз он рӯи пул як замон.
Бад-он то бипӯшанд гурдон салеҳ
Ки бар мо сар омад нишоту мазеҳ".
Бишуд тозиён то сари пул дамон,
Ба зеҳ барниҳода ду зоғи камон.
Чунин то ба наздикии пул расид,
Чу омад, дирафши ҷафопеша дид,
Ки бигзашта будаш бар ин рӯи об,
Ба пеши сипоҳ-андар Афросиёб.
Таҳамтан бипӯшид бабри баён,
Нишаст аз бари жандапили жиён.
Бишуд пеши туронсипаҳ ӯ ба ҷанг,
Биғуррид ҳамчун даманда наҳанг.
Чу дар ҷавшан Афросиёбаш бидид,
Ту гуфтӣ, ки ҳуш аз танаш барпарид,
Зи чангу бару бозуву ёли ӯй,
Ба гардан бароварда кӯполи ӯй.
Чу Тусу чу Гударзи найзагузор,
Чу Гургину чун Геви гурди савор.
Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон,
Чу Барзину Фарҳоди ҷанговарон.
Чунон лашкари сарфарозон ба ҷанг,
Ҳама найзаву теғи ҳиндӣ ба чанг.
Ҳама яксар аз ҷой бархостанд,
Ба сони палангон бароростанд.
Бад-он гуна шуд Гев дар корзор,
Чу шере, ки гум карда бошад шикор.
Пасу пеш ҳар сӯ ҳаме кӯфт гурз.
Дуто кард бисёр болову бурз.
Зи Турон фаровон сарон кушта шуд,
Зи номоварон бахт баргашта шуд.
Рамиданд аз ӯ размсозони Чин,
Шуд хира солори Туронзамин.