Баски рашки қомати ӯ сӯхт сар то пои сарв,
Баски рашки қомати ӯ сӯхт сар то пои сарв,
Мавҷи қумрӣ рехт аз хокистари аҷзои сарв.
Пайкари озодию бори таҷаммул туҳмат аст,
Якқалам дасти тиҳӣ мерӯяд аз аъзои сарв.
Нолаи озод улфатпарвари занҷир нест,
Тавқи қумрӣ то куҷо холӣ намояд ҷои сарв?
Нахвати озодагӣ дуди димоғи кас мабод,
Як раги гардан намоён аст сар то пои сарв.
Нолаи дарде тароватобёри дил нашуд,
Ин чаман беоб монд аз норасоиҳои сарв.
Шӯри ҳусн аз сози ишқаш бишнаву хомӯш бош,
Ку-куи қумрист ин ҷо қулқули минои сарв.
Рангу бӯям қобили ташрифи озодӣ набуд,
Аз такаллуф дӯхтанд ин ҷома бар болои сарв.
Сифр дар маънӣ алифҳоро яке даҳ мекунад,
Тавқи қумрӣ мефазояд қадри истиғнои сарв.
Хок бар сар карда ишқу пой дар гил монда ҳусн,
Гар баҳор ин ранг дорад, ҳайфи қумрӣ, вои сарв!
Барнамедорад нуҳуфтан ҷавҳари озодагӣ,
Домани барчида пӯшидаст сар то пои сарв.
Бедил, охир хок мегардад дар ин ҳирмонсаро
Орази рангини гул то қомати раънои сарв.