Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОГОҲӢ ЁФТАНИ МОДАР АЗ КУШТА ШУДАНИ СӮҲРОБ

Ғирев омад аз шаҳри Туронзамин, Ки Сӯҳроб шуд кушта бар дашти кин. Хабар з-ӯ ба шоҳи Самангон расид, Ҳама ҷома бар хештан бардарид. Ба модар хабар шуд, ки Сӯҳроби гурд Ба теғи падар хаста гашту бимурд. Бизад чангу бидрид пероҳанаш, Дурахшон шуд он лаъли зебо танаш. Баровард бонгу ғиреву хурӯш, Замон то замон з-ӯ ҳамерафт ҳуш. Мар он зулфи чун тобдода каманд Ба ангушт печиду аз бун биканд. Равон гашта аз рӯи ӯ ҷӯи хун, Замон то замон андаромад нагун. Ҳама хоки тира ба сар барфиканд, Ба дандон зи бозуи худ гӯшт канд. Ба сар барфиканд оташу барфурӯхт, Ҳама мӯи мушкин бар оташ бисӯхт. Ҳаме гуфт, к -«Эй ҷони модар, кунун Куҷоӣ сиришта ба хоку ба хун? Ду чашмам ба раҳ буд, гуфтам, магар Зи Сӯҳробу Рустам биёбам хабар. Гумонам чунин буд, гуфтам кунун Бигаштӣ ба гирди ҷаҳон-андарун. Падарро ҳаме ҷустиву ёфтӣ, Кунун б-омадан тез биштофтӣ. Чӣ донистам, эй пур, к-ояд хабар, Ки Рустам ба ханҷар даридат ҷигар. Дареғаш наёмад аз он рӯи ту, Аз он бурзу болову бозуи ту. Аз он гирдгоҳаш наёмад дареғ, Ки бибрид Рустам ба бурранда теғ. Бипарварда будам танашро ба ноз Ба рахшандарӯзу шабони дароз. Кунун он ба хун-андарун ғарқа гашт, Кафан бар тани поки ӯ хирқа гашт. Кунун ман киро гирам андар канор? Кӣ хоҳад будан мар маро ғамгусор?