ҲАМНАФАС
Эй дида, шуниданро бояд, ки биёмӯзӣ,
В-эй гӯш ту диданро бояд, ки биёмӯзӣ.
Эй дил, агарат афлок, пинҳон бикунад дар хок,
Чун сабза дамиданро бояд, ки биёмӯзӣ.
З-он пеш, ки парҳоят дар кунҷи қафас резанд,
З-ин дом париданро бояд, ки биёмӯзӣ.
То раҳрави гумномӣ дар сояат осояд,
Чун шоха хамиданро бояд, ки биёмӯзӣ.