Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Талхӣ накунад ширинзақанам

Талхӣ накунад ширинзақанам, Холӣ накунад аз май даҳанам! Урён кунадам ҳар субҳдаме, Гӯяд, ки биё, ман ҷомаканам! Дар хона ҷаҳад, муҳлат надиҳад, Ӯ бас накунад, пас ман чӣ кунам?! Аз соғари ӯ гиҷ аст сарам, Аз дидани ӯ ҷон аст танам! Танг аст бар ӯ ҳар ҳафт фалак, Чун меравад ӯ дар пираҳанам! Аз шираи ӯ ман шердилам, Дар арбадааш ширинсуханам! Мегуфт, ки ту дар чанги манӣ, Ман сохтамат, чунат назанам?! Ман чанги туам, бар ҳар раги ман Ту захма занӣ, ман тан – тананам! Ҳосил ту зи ман дил бар наканӣ, Дил нест маро, ман худ чи канам?!