ОМАДАНИ ТАҲМИНА - ДУХТАРИ ШОҲИ САМАНГОН БА НАЗДИ РУСТАМ
Чу як баҳра з-он тирашаб даргузашт,
Шабоҳанг бар чархи гардон бигашт.
Сухан гуфта омад нуҳуфта ба роз,
Дари хобгаҳ нарм карданд боз.
Яке банда шамъи муанбар ба даст,
Хиромон биёмад ба болини маст.
Паси парда-андар яке моҳрӯй,
Чу хуршеди тобон пур аз рангу бӯй.
Ду абрӯ камону ду гесӯ каманд,
Ба боло ба кирдори сарви баланд.
Ду рух чун ақиқи ямонӣ ба ранг,
Даҳон чун дили ошиқон гашта танг.
Равонаш хирад буду тан ҷони пок,
Ту гуфтӣ, ки баҳра надорад зи хок.
Аз ӯ Рустами шердил хира монд,
Бар ӯ-бар ҷаҳонофаринро бихонд.
Бипурсид аз ӯ, гуфт: «Номи ту чист?
Чӣ ҷӯӣ шаби тира, коми ту чист?»
Чунин дод посух, ки «Таҳминаам,
Ту гӯӣ, ки аз ғам ба ду нимаам.
Яке духти шоҳи Самангон манам,
Зи пушти ҳизабру палангон манам.
Ба гетӣ зи шоҳон маро ҷуфт нест,
Чу ман зери чархи барин андакест.
Зи парда бурун кас надида маро,
На ҳаргиз кас ово шунида маро.
Ба кирдори афсона аз ҳар касе
Шунидам ҳаме достонат басе,
Ки аз деву шеру палангу наҳанг
Натарсиву ҳастӣ чунин тезчанг.
Шаби тира танҳо ба Турон шавӣ,
Бигардӣ дар он марзу ҳам нағнавӣ.
Ба танҳо яке гӯр бирён кунӣ,
Ҳаворо ба шамшер гирён кунӣ.
Бидаррад дили шеру чарми паланг,
Ҳар он гаҳ ки гурзи ту бинад ба ҷанг.
Бараҳна чу теғи ту бинад уқоб,
Наёрад ба нахчир кардан шитоб.