Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

НИҲЕБ

Ҳар дам фиғони кӯдаке ояд ба гӯши ман, Чун синаҳои модари ӯро буридаанд. Ҳар лаҳза оҳи модаре ояд ба гӯши ман, Чун қалби софу синаи тифлаш даридаанд. Се қисмати ҷаҳон ҳама об асту воаҷаб Аз чӣ мудом ташнаи хунед, қотилон? Ободии ҷаҳон агар дархурдатон набуд, Аз модарони худ чаро зодед дар ҷаҳон? Дар соҳати замин чу муросо намекунед, Боз орзуи забти фалакҳо чӣ ҳоҷат аст? Ин осмон аз он ки баланд асту хушнизом, Байни ситораҳош на кину адоват аст? Рӯзе намонд байнатон ихлосу эътиқод, Дар осмони дур худованд сохтед. Бегона гашта аз худу пайвандгони худ, Ӯро шинохтед, ба ғайбаш навохтед. Ҷустед пас зи осмон дархостҳои хеш, Аз олами сарир – нишемангаҳи худо. Аз интизоми офтоб, аз гардиши фалак, Аз назми моҳтобу зи вазъи ситораҳо. Дидед чун дар осмон ҳам ҳаст саъду наҳс, Гуфтед пас «Зи дасти фалак доду боз дод, Ё зиндагонии замин кӯчида бар само, Ё нақши зиндагии мо аз осмон фитод?» Имрӯз чун зи қуллаи дарёфтҳои ақл Бар рӯзгори мозии худ як ниго(ҳ) кунед, Хандида бар ҷаҳолату бар содагияшон, Аҷдоди хешро шумо бас таънаҳо кунед. Аммо шумо ҳам он қадар мумтоз нестед, Зеро ҳанӯз ҳам зи худ берун нарафтаед. Зеро даме зи даҳшати гирдобу ҳирсу оз Паҳлуи ёри хеш бароҳат нахуфтаед. Зеро ҳанӯз ҳам шумо аз хуни одамон Бар зиндагию давлати худ ранг мезанед. Аз хоки зарнисори ҷаҳон зар ситонда, лек Бар фарқи солиҳони ҷаҳон санг мезанед. Оё ҳанӯз бар шумо корӣ набудааст Андарзи оқилону китобу катибаҳо?