Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОМАДАНИ СИЁВУШ БА НАЗДИ СУДОБА

Яке мард буд, номи ӯ Ҳирбад, Зидуда дилу мағзу ҷонаш зи бад, Ки бутхонаро ҳеч нагзоштӣ, Калиди дари парда ӯ доштӣ. Сипаҳдори Эрон ба фарзона гуфт, Ки «Чун баркашад ҳур теғ аз нуҳуфт, Ту пеши Сиёвуш ҳаме рав ба ҳуш, Нигар, то чи фармояд, онро бикӯш. Ба Судоба фармой, то пеши ӯй Нисор оварад гавҳару мушкбӯй. Парастандагон низ бо хоҳарон Забарҷад фишонанд бо заъфарон». Чу хуршед барзад сар аз кӯҳсор, Сиёвуш биёмад бари шаҳрёр. Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз, Сухан гуфт бо ӯ сипаҳбад ба роз. Чу пардахта шуд, Ҳирбадро бихонд, Суханҳои шоиста чанде биронд. Сиёвахшро гуфт: «Бо ӯ бирав Биёрой дилро ба дидори нав». Бирафтанд як ҷой ҳарду ба ҳам, Равон шодмону тиҳӣ дил зи ғам. Чу бардошт парда зи дар Ҳирбад Сиёвуш ҳаме буд тарсон зи бад. Шабистон ҳама пеш боз омаданд, Ба дидори ӯ базмсоз омаданд. Ҳама хона буд аз карон то карон Пур аз мушку динору пурзаъфарон. Дирам зери пояш ҳаме рехтанд, Чу бо зарру гавҳар баромехтанд. Замин буд дар зери дебои Чин, Пур аз дурри хушшоб рӯи замин. Маю бӯю овози ромишгарон Ҳама бар сарон афсар аз гавҳарон. Шабистон биҳиште буд ороста, Пур аз хубрӯёни пурхоста. Сиёвуш чу андар шабистон расид, Яке тахти заррини рахшанда дид.