Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эҳтиёҷам хиҷлат аз аҳбоб бурд,

Эҳтиёҷам хиҷлат аз аҳбоб бурд, Сӯхт дил, то рахт дар маҳтоб бурд. Умр рафту оҳе аз дил гул накард, Сози ман оби рухи мизроб бурд. Оҳ, айши гӯшаи фақрам намонд, Сояи девор рафту хоб бурд. Оина охир ба сайқал гашт гум, Баски руфтам, хонаро селоб бурд. Доштам таҳрири хиҷлатномае, То кунам таклифи қосид, об бурд. Беғараз халқе аз ин ҳирмонсаро Рафту доғи матлаби ноёб бурд. Ғунчаҳо шарм аз шукуфтан бохтанд, Ханда охир з-ин чаман одоб бурд. Қомати хам аҷз мехоҳад зи мо, Саҷда бояд пеши ин меҳроб бурд. Маҳрами сайри гиребон кас мабод, Заврақи моро, ки дар гирдоб бурд. Бар кӣ нолам, Бедил, аз бедоди чарх? Хоби ман овози ин дӯлоб бурд.