Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

САЛЛАМНО

Дар паси кӯҳҳои қулласафед, Ки равон аст наҳри зар-афшон. Дар лаби рӯди Сир бувад сарсабз Боғе аз боғҳои тоҷикон. Ин чаман, бӯстони озода, Манзили дилкушои зархез аст. Меҳнати мардумони ин водӣ Ҳайратафзою шуҳратангез аст. Қаҳрамонӣ дар ин замонаи нав Ба зану марди ленинободӣ Мондааст аз замонаҳои қадим, Ҳамчу мероси хуби аҷдодӣ. Меҳри беҳадду беҳисоби Ватан Халқи тоҷикро ба ҷӯш андохт. Қудрати ақлу илми ленинӣ Ватани халқро гулистон сохт. Ёд кардӣ қасам ба раҳбар, ки: «Ватан аз пахта мекунам таъмин». Қасам иҷро намудаӣ, эй мард, Сад ҳазорон ба қудратат таҳсин! Қасам – ин акси рӯҳу виҷдон аст, Шуҳрати марди олам – ин қасам аст. Қасам аз ҳарчӣ зӯру муътабар аст, Шаъну номуси одам – ин қасам аст. Ба қасам то абад вафо кардан Сарбаландии ҳар як инсон аст. Ҳам қасам хӯрда, ҳам адо кардан Ин фақат кори хоси мардон аст! Баъди ин фатҳу ин зафар бинам Шоду пурханда ҳар ду рӯи туро. Бинам аз офтоби оламтоб Боз равшантар обрӯи туро. Менамояд ба дида боғотат Пурсафо, дилнишину хуррамтар. Баъди ҳар фатҳи халқ меояд Бӯи ҷонбахши як баҳори дигар. Ленинобод1, эй диёри азиз! Ин ҳамон бӯи навбаҳори ту аст.