Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

КАЛОМИ СОЛИНАВӢ

Соли пешин хайр бо мо гуфту рафт, Бо умеди рӯзи фардо – гуфту рафт. Хайр бо мулки тавоно гуфту рафт, Меравам ман, соли нав, о – гуфту рафт. Дар замин осорҳо бигзошт, рафт, Қиссаву гуфторҳо бигзошт, рафт. Аз қудумаш мулк то рангин кунад, Зебу зинат борҳо бигзошт, рафт. Соли нав меояд, истиқбол гир, Пешвоз онро тамоми сол гир. Ҳар дақиқа, ҳар нафас қимат шумор, Соати тозандаро дунбол гир. Соли нав орад туро савғои нав, Фатҳи нав, шодии беҳамтои нав, Баҳри фарзандони хушиқболи мо Манзили нав, қасри нав, маъвои нав. Кам нагардад то табассум дар лабат, Кам нагардад оташу тобу табат, То нагардад то саҳаргоҳон хамӯш Шуълае, ки мекунад равшан шабат, Сулҳ соз аз меҳнатат пурзӯртар, Солҳои панҷи навро пурзафар. Аз баландиҳои нав бинмо назар Бар уфуқи пурсафо вақти саҳар. То абад бигзор бошад шуълабор Дар сари мо офтоби рӯзгор, Чун нишон аз сулҳ бошад ҷилвагар Пурситора осмони беғубор. ДОСТОНҲО