Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

БАЧЧАГӢ

Ба бародарам Шариф Суруди яккафарёди шабонгоҳии хирманкӯб Ба гӯшам мерасад аз дуру дилро медиҳад ковиш. Дилаш монанди саҳро бекарон асту саховатманд, Садои навҳадораш бар дилам илқо кунад нолиш. Ба чашмам нақш созад солҳои баччагиямро, Ки дар рӯи чапар шабҳо суруди «Майда» мехондам. Дареғо, баччагӣ ҳамчун гули каҳ бод шуд, тай шуд, Аз он хирман мани дунёнадида мисли дон мондам. Сарам ҳамчун замини пир мезад чарх беором, Дилам аз шавқи армонҳо чу вулқоне хурӯшон буд, Чу ман дар гирди хирман чарх мегаштам ба рӯзу шаб. Куҷо рафтӣ, ҷаҳони пок монанди дили духтар? Куҷо рафтӣ, ҷаҳони танг монанди дили кафтар? Куҷо рафтӣ зи дастам, эй замони пур зи тобу таб? Суруди нолаомези даравгардухтареро ёд меорам, Ба гардан муҳраи мору ба сар рӯмоли шоҳӣ дошт. Ду рухсори сафедаш сӯхта аз гармии хуршед, Нигоҳи шармгине, пурсукуте, бепаноҳе дошт. Суруди дигаре ҷуз як дубайтӣ ӯ намедонист, Намедонистам, ӯ будаст шайдоиву савдоӣ. Ба ҷои гул ба даври домани ӯ хор часпида, Тароватҳои ҳуснашро макида боди саҳроӣ. Сурудаш дар дилам чун нақши рӯи гандумаш боқист, Ба ёд орам, шавад дил пора-пора: «Сари кӯҳи баланд ҷуфти ситора, Ҷавони навхати бистудусола. Ҷавонон, қадри якдигар бидонед, Худо кай медиҳад умри дубора?!»