Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАЗМИ АФРОСИЁБ БО НӮЗАР ДИГАР БОР

Рада баркашиданд Эрониён, Чунон чун бувад сози ҷанги каён. Биғуррид кӯсу бинолид ной, Ту гуфтӣ, замин андаромад зи ҷой. Чу Афросиёб он сипаҳро бидид, Биёмад баробар, сафе баркашид. Чунон шуд зи гарди саворон ҷаҳон, Ки хуршед, гуфтӣ, шуд андар ниҳон. Деҳодеҳ баромад зи ҳарду гурӯҳ, Биёбон набуд ҳеч пайдо зи кӯҳ. Аз он сон сипаҳ дар ҳам овехтанд, Чу рӯди равон хун ҳаме рехтанд. Ба ҳар сӯ, ки Қоран шудӣ размхоҳ, Фурӯ рехтӣ хун дар он размгоҳ, Куҷо хун шудӣ гурд Афросиёб, Ҳама хун шудӣ дашт чун рӯди об. Саранҷом Нӯзар зи қалби сипоҳ Биёмад ба наздики ӯ кинахоҳ. Чунон найза бар найза андохтанд, Синон як ба дигар барафрохтанд, Ки бар ҳам напечад аз он гуна мор, Ҷаҳонро набуд инчунин ёдгор. Чунон то шаби тира омад ба танг, Бар ӯ чира шуд дасти пури Пашанг. Аз эрониён бештар хаста шуд, В-аз он рӯй пайкор пайваста шуд. Ба бечорагӣ рӯй баргоштанд, Ба ҳомун саропарда бигзоштанд. Дили Нӯзар аз ғам пур аз дард шуд, Ки тоҷаш зи ахтар пур аз гард шуд. Чу аз дашт биншаст овои кӯс, Бифармуд, то пеши ӯ рафт Тӯс. Бишуд Тусу Густаҳм ҳар ду ба ҳам, Лабон пур зи боду равон пур зи ғам. Бигуфт он ки дар дил маро дард чист, Ҳаме гуфт чандеву чанде гирист. Аз андарзи фаррух падар ёд кард, Пур аз хун ҷигар, лаб пур аз бод кард,