Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҚОСИДИ САДО

Ман қосиди садои туам, эй диёри дур, Тафсири дардҳои туам, эй диёри дур. Бо захмҳои хеш дар оинаи замон, Тасвири қаднамои туам, эй диёри дур. Дар гӯши нокасе, ки туро сӯхту худ насӯхт, Нафрину носазои туам, эй диёри дур. Аз душманони дӯстнамо рӯзи бозпурс, Хоҳони хунбаҳои туам, эй диёри дур. Дур аз ту дар биҳишт дилам танг мешавад, Девонаи ҳавои туам, эй диёри дур. Ҷонам ҳазор бор ба ғурбат ба лаб расид, Гар зиндаам, барои туам, эй диёри дур. Ҳаргиз фидои кас нашудам, лекин аз Худо, Хоҳам кунад фидои туам, эй диёри дур.