Дил анҷумани маҳраму бегона набошад,
Дил анҷумани маҳраму бегона набошад,
Ҷуз ҳайрати идрок дар ин хона набошад.
Дар сози фано роҳати ушшоқ муҳайёст,
Болини вафо бе пари парвона набошад.
Бе касби сафо сайди маонӣ чӣ хаёл аст?
То санг бувад шиша, парихона набошад.
Чун шона калиди сари мӯе натавон шуд,
То синаи чокат ҳама дандона набошад.
Дил зонуи фикраш ҳама чашм аст, ки мино
Чандон ки хамад, бе хати паймона набошад.
Бесохта ҳуснест, ки дорам ба канораш,
Машшотаи шавқ оинаву шона набошад.
Афсун чӣ зарур аст ба азми мижа бастан?
Дар хоби адам ҳоҷати афсона набошад.
Бар авҷ мабар пояи иқболи таайюн,321
То сурати рафтори ту лангона набошад.
Иброми ҳавас мекашадат бар дари дунон,
Шоҳӣ, агар ин вазъи гадоёна набошад.
Ваҳдат чӣ хаёл аст, тавон ёфт ба касрат?
Чун реша давонид нумӯ, дона набошад.
Олам ҳама маҳмилкаши кайфияти ашк аст,
Ин қофила бе лағзиши мастона набошад.
Дил гарди ҷунун мекунад имрӯз, бибинед,
Дар хонаи мо Бедили девона набошад?