Эҳтиёҷе, ки сари мард ба хам меорад,
Эҳтиёҷе, ки сари мард ба хам меорад,
Обрӯ мебараду ҷабҳаи нам меорад.
Ҳама кас гурсунаи ҳирс ба завқи серист,
Ранҷи боре ки кашад пушт, шикам меорад.
Тарки симу дирам аз халқ чӣ имкон дорад?
Пушти даст аст, ки нохун зи адам меорад.
Комҷӯён, талаби ҳиммат аз афсӯс кунед,
Ки зи асбоби ҷаҳон даст ба ҳам меорад.
Гули ин боғ зи найранги шукуфтан афсурд,
Бохабар бош, ки шодӣ ҳама ғам меорад.
Дар вафо мункири анҷоми муҳаббат нашавӣ,
Барҳаман оташе аз санги санам меорад.
Булбулон, даъвати парвона ба гулшан макунед,
Ранги гул тоби пари сӯхта кам меорад.
Ҷараси қофилаи ишқ хурӯши ҳавас аст,
Нест ҷуз гарди ҳудус, ончи қидам меорад.
Он суи хок набурдем суроғи таҳқиқ,
Қосиди мо хабар аз нақши қадам меорад.
Эй биноят ҳавасэҷодкуни дӯши ҳубоб,
Нафасат гар ҳама бор аст, кӣ хам меорад?
Ту диле ҷамъ кун, ин тафриқаҳо он ҳама нест,
Сари сад ришта ҳамин уқда ба ҳам меорад.
Ҳама ҷо муфтбари холи зиёдӣ, Бедил,
Тоси ин нард барои ту чӣ кам меорад?