МАРҶОН
Сангест зери об,
Дар гӯди шаб гирифта дарёи нилгун,
Танҳо нишаста дар таги он гӯри саҳмнок,
Хомӯш монда дар дили он сардию сакун.
Ӯ бо сукути хеш
Аз ёд рафтаест дар он дахмаи сиёҳ,
Ҳаргиз ба ӯ натофта хуршеди нимрӯз,
Ҳаргиз ба ӯ натофта маҳтоби шомгоҳ.
Бисёр шаб, ки нола бароварду кас набуд,
К-он нола бишнавад,
Бисёр шаб, ки ашк барафшонду ёва гашт,
Дар гӯди он кабуд.
Сангест зери об, вале он шикастасанг,
Зиндаст, метапад ба умеде дар он нуҳуфт.
Дил буд, агар ба синаи дилдор менишаст,
Гул буд, агар ба сояи хуршед мешукуфт.