Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он шуълаи нур мехиромад

Он шуълаи нур мехиромад В-он фитнаи ҳур мехиромад! Шаб ҷома сапед кард, зеро К-он моҳ зи дур мехиромад! Мастони шабонаро башорат: Соқӣ ба саҳур мехиромад! Ҷонро ба мисоли уд сӯзем, К-ин кони булӯр мехиромад! Он фитна нигар, ки бори дигар Бо сад шару шӯр мехиромад! Он душмани сабрҳои ошиқ Дар хуни сабур мехиромад! Ҷонам ба фидои он Сулаймон, К-ӯ ҷониби мӯр мехиромад! Ҷуз чиҳраи ошиқон мабинед, К-он шоҳи ғаюр мехиромад! Дар қолаби халқ Шамси Табрез Чун нафхаи сур мехиромад!