Нигорам ҳар дам озоре расонад,
Нигорам ҳар дам озоре расонад,
Ба ҷонам дарди бисёре расонад.
Кӣ медонад нишони кӯйи ҷонон?
Ки з-он сӯ бар ман ахборе расонад.
Ғуломи ҳиммати боди сабоям,
Хабар аз ёр бар ёре расонад.
Шудам бемор дар ҳиҷрони он шӯх,
Нашуд, к-аз васл тиморе расонад.
Супорам ҷону гардам хок, то бод
Ғуборам сӯйи ӯ боре расонад.
Нигоре нест чун ту, к-ин ҳама зулм
Дамодам бар дилафгоре расонад.
Ғаму дарди туро сад шукр гӯям,
Худо шояд, ки гамхоре расонад.
Туро, э чордаҳсола маҳ, Эзид
Ба солу моҳи бисёре расонад.
Расонад ҳар ки ҷононро ба Айнӣ,
Масеҳое ба беморе расонад.