Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПОСУХ ДОДАНИ ЗОЛ МӮБАДОНРО

Замоне дар андеша буд Золи Зар, Баровард ёлу бигустард бар. В-аз он пас забонро ба посух кушод, Ҳама пурсиши мӯбадон кард ёд. «Нахуст аз даҳу ду дарахти баланд, Ки ҳар як ҳаме шох сӣ баркашанд. Ба соле даҳу ду бувад моҳи нав, Чу шоҳи навоин абар гоҳи нав. Ба сӣ рӯз маҳро сар ояд шумор, Бар ин сон бувад гардиши рӯзгор. Кунун он ки гуфтӣ зи кори ду асп, Фурӯзон ба кирдори Озаргушасп. Сафеду сиёҳ аст ҳар ду замон, Паси якдигар тез ҳар ду равон Шабу рӯз бошад, ки мебигзарад, Дами чарх бар мо ҳаме бишмарад. Наёбанд мар якдигарро ба таг, Давон ҳамчу нахчир аз пеши саг. Се дигар, ки гуфтӣ аз он сӣ савор Куҷо баргузаштанд бар шаҳрёр. Аз он сӣ саворон яке кам шавад, Ба гоҳи шумурдан ҳамон сӣ бувад. Шумори маҳи нав бар ин гуна дон, Чунин кард фармон Худои ҷаҳон. Нагуфтӣ сухан ҷуз зи нуқсони моҳ, Ки як шаб кам ояд ҳаме гоҳ-гоҳ. Кунун аз ниём он сухан баркашем, Зи ду сарв, к-он мурғ дорад нишем, Зи бурҷи бара то тарозу ҷаҳон Ҳаме тирагӣ дорад андар ниҳон. Чу ин боз гардад, ба моҳӣ шавад, Бад-он тирагиву сиёҳӣ шавад. Ду сарв он ду бозуи чархи баланд, К-аз ӯем шодон, аз ӯ мустаманд Бар ӯ мурғи паррон ту хуршед дон, Ҷаҳонро аз ӯ биму уммед дон. Дигар шорсон аз бари кӯҳсор Сарои диранг асту ҷои шумор.