Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад

Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад, Ки он дилбар ҳаме дар бар нагунҷад! Зи мастӣ ман тарозуро шикастам, Тарозу кони гавҳарро насанҷад! Бутонро ҷумла з-ӯ бидрид сарбанд, Ки модагург бо Юсуф нағанҷад! Ҳам аз ҷумлай сияҳрӯйист он низ, Ки пеши румие занҷӣ бизанҷад! Қурозай кист пеши Шамси Табрез, Ки ганҷи зар биёрад ё биганҷад?!