РАЗМИ ПИЛСАМ БО ЭРОНИЁН
Далере, ки буд Пилсам номи ӯй,
Гави кайнажоде, яли номҷӯй,
Ки Виса будаш номи фаррух падар,
Бародар-ш Пирони пирӯзгар.
Дар Эрону Турон ҳамоварди ӯй
Набудӣ ба ҷуз Рустами ҷангҷӯй.
Чу бишнид як Пилсам инчунин,
Бар абрӯ баровард аз хашм чин.
Бишуд тез наздики Афросиёб,
Сараш пур зи ҷангу дилаш пуршитоб.
Чунин гуфт бо шоҳи Турон, ки «Ман
Далеру ҷавонам аз ин анҷуман.
Чи хок аст пешам, чи Туси далер,
Чи Геви ял — он номбардори шер.
Чи Баҳрому чи Зангаи Шоварон,
Гуроза, ки ҳаст ӯ зи ҷанговарон.
Агар шоҳ фармон диҳад, ҳамчу шер
Миёни ялон андароям далер
Ҳама сарваронро сар аз тан ба теғ
Бибуррам, кунам моҳашон зери меғ.
Кунам афсари номдорон ба гард,
Сароншон бибуррам ба теғи набард.»
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй яли номдор,
Ту пирӯз бодӣ дар ин рӯзгор!
Бад- ин разм фархунда бояд шудан,
Ба пирӯзиву ном боз омадан.»
Чу бишнид гуфтори шаҳ Пилсам,
Биғуррид монанди рӯина хам.
Сӯи қалби эронсипаҳ шуд чу гард,
Чапу рост зад теғу гурзи набард.
Чу бод андаромад, ба Гургин расид,
Хурӯше чу шери жиён баркашид.
Яке теғ зад бар сари аспи ӯй,
Таковар зи дард андаромад ба рӯй.
Чу он дид Густаҳми размозмой,
Ба кирдори оташ баромад зи ҷой.
Чу шери жиён шуд бари Пилсам,
Баровехт бо оташи тездам.