Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Пунба зи гӯш дур кун, бонги наҷот мерасад

Пунба зи гӯш дур кун, бонги наҷот мерасад, Оби сиёҳ- дар марав, к-оби ҳаёт мерасад! Навбати ишқ Муштарӣ бар сари чарх мезанад, Баҳри равони ошиқон сад салавот мерасад! Ҷумла чу шаҳду шир шав в-аз худи худ фақир шав, З – он ки зи шаҳ фақирро ушру закот мерасад! Раҳмати ӯст, к-обу гил толиби дил ҳамешавад, Ҷазбаи ӯст, к-аз башар савму салот мерасад! Дар зуламоти ибтило сабр куну макун ибо, К-оби ҳаёт Хизрро дар зуламот мерасад!