Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?!

Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?! Ё Раб, ба тӯтиён чи шакарҳо ҳамедиҳанд?! Дар боғҳо дарой ту имсолу дарнигар, К-он шохҳои хушк чи барҳо ҳамедиҳанд! Миқроз дар миён наву хилъат ҳамебуранд, В-онро, ки тоҷ рафт, камарҳо ҳамедиҳанд! Бе миннати касе ҳама бар нуқра мезананд, Бе заҳмати мусодира зарҳо ҳамедиҳанд! Ҳар дил, ки ташна аст, ба дарё ҳамебаранд, В-онро, ки гавҳар аст, гуҳарҳо ҳамедиҳанд! Ин туҳфа дидаанд, ки ушшоқи рӯзгор То бар шумори мӯйи ту сарҳо ҳамедиҳанд?! Ин нур дидаанд, ки девонагони роҳ Савдо ҳамехаранду ҳунарҳо ҳамедиҳанд?!