Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

УШШОҚИ ДУШАНБЕ

Сафои рӯҳ дорад рӯи гулҳои шафақтобаш, Нидои кӯҳ дорад нолаи дарёи Варзобаш. Барои ошиқон месӯзаду дил зинда медорад Чароғони фурӯзонаш ва ё чашмони бехобаш. Ҷавониҳои халқи ман дар ин шаҳр асту мебинам Зи гулгашту хиёбону чанористони шодобаш. Пушаймонхурдае бошӣ ва ё дилмурдае бошӣ, Зи ғам хурдан биосоӣ, агар хурдӣ маи нобаш. Душанбе шаҳри беҳамтост, зеро гоҳвори мост, Ки қадри ишқ медонанд дилҷӯёни ноёбаш. Душанбе – шаҳри ободон, Душанбе – шаҳри озодон. Ба рағми пирӣ мешӯрад ҷавонию табу тобаш.