Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ ДУХТАРИ ЭРАҶ

Баромад бар ин низ якчанд гоҳ, Шабистони Эраҷ нигаҳ кард шоҳ. Фаридун шабистон якояк бигашт, Бар он моҳрӯён ҳама баргузашт. Яке хубчеҳра парастанда дид, Куҷо номи ӯ буд Моҳофарид, Ки Эраҷ бар ӯ меҳри бисёр дошт, Қазоро, канизак аз ӯ бор дошт. Паричеҳраро бачча буд дар ниҳон, Аз он шод шуд шаҳрёри ҷаҳон. Аз он хубрух шуд дилаш пурумед, Ба кини писар дод дилро навид. Чу ҳангомаи зодан омад падид, Яке духтар омад зи Моҳофарид. Шуд уммеди кӯтоҳ бар шаҳ дароз, Бипарвардаш ӯро ба шодиву ноз. Ҷаҳоне гирифтанд парварданаш, Баромад ба нозу бузургӣ танаш. Мар он лоларухро зи сар то ба пой, Ту гуфтӣ, магар Эраҷ астӣ ба ҷой. Чу баррусту омад-ш ҳангоми шӯй, Чу парвин шудаш рӯю чун қир мӯй. Ниё номзад кард шӯяш Пашанг, Бад-ӯ доду чанде баромад диранг. Пашанг он ки пури бародар-ш буд, Нажод аз гаронмоя гавҳар-ш буд. Гаве буд аз тухми Ҷамшедшоҳ, Сазовори шоҳиву тахту кулоҳ. Бидодаш бад-он номбардор шӯй, Ва якчанд гоҳе баромад бар ӯй.