Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

РИШ ВА ТАШВИШ

Некмарде ҳамнишини шоҳ буд, Аз умури мамлакат огоҳ буд. Чунки меомад ба базми шаҳриёр, Он ҳакими некрою номдор. Гоҳ-гоҳе дар миёни гуфтугӯ, Торҳои риши худ меканд ӯ. Шоҳ рӯзе диду гуфт: Эй ҳушманд, Аз ту ин одат маро н-ояд писанд. Гар дигар мӯйе зи ришат барканӣ, Бегумон донам, ки бар худ душманӣ. Медиҳам дастур то дастат зананд, То ба дасту пот занҷир афкананд. Мардро ин амр дар ташвиш кард, Фориғаш аз ихтиёри риш кард. Риш аз ӯ буд, ихтиёраш аз амир, Кас мабодо инчунин, ё Раб, асир. Тарки одат гарчи коре мушкил аст, Лек осон пеши марди оқил аст. Муддате аз риши худ торе наканд, То мабодо афканад шоҳаш ба банд. Як шабе дар базми он шоҳи гузин, Мард чизе гуфту шаҳ гуфт: Офарин! Шод кардӣ хотирам, эй некбахт, Боядат бахшид боғи пурдарахт. Худ бигӯ, то дар кадомин гӯшае, Бахшамат сарсабз боғу бешае? Мард гуфто: Шоҳро ман чокарам, Ҳар чӣ ӯ фармуд, ман фармонбарам. Гар бибахшад шоҳ ришамро ба ман, Бигзарам аз бешаву боғу чаман. Эй Худо, моро аҷоиб моҷарост, Ихтиёри риши мо дар дастҳост. Ҳар амире даст дар торе зада, Дар дили мо ҳар яке хоре зада. Ё ба мо деҳ ихтиёри риши мо, Ё ба лутфат дафъ кун ташвиши мо.