Ҷавҳари тамкини мард аз лоф барҳам мешавад,
Ҷавҳари тамкини мард аз лоф барҳам мешавад,
Мовуман то беш мегардад, ҳаё кам мешавад.
Нест осон рабти қилуқоли номавзуни халқ,
Сакта мехонад нафас, то лаб фароҳам мешавад.
Рафт айёме, ки тақлид инфиоли халқ буд,
Сурати санг ин замон Исову Марям мешавад.
Решаҳо дорад ҷунуни тухми найранги хаёл,
Мекашад гандум сар аз фирдавсу Одам мешавад.
Дастгоҳи ишрату андӯҳи ин маҳфил дил аст,
Шамъ ҳангоми хамӯшӣ нахли мотам мешавад.
Ҳарф бисёр аст, аммо ҳеҷ кас огоҳ нест,
Чун ду дил бо якдигар ҷӯшад, ду олам мешавад.
Ҷаҳд мебояд, фусурдан якқалам беҷавҳарист,
Теғ чун абрӯ зи бекорӣ табардам мешавад.
Эй фақир, аз каффаи тамкини мунъим шарм дор,
Гар ба таъзими ту бархезад зи ҷо, кам мешавад.
Корвони субҳаем
, андӯҳи вомондан кирост?
Ҳар кӣ пас монад, дами дигар муқаддам мешавад.
Барнагардонад фано ахлоқи софитинатон,
Пунба, баъд аз сӯхтанҳо низ марҳам мешавад.
Бори шарми ҷуръати дидор сангин будааст,
Чашм бармедораму дӯши мижа хам мешавад.
Васли хубон муғтанам гиред, к-аз аҷзои субҳ
Дар бари гул гиря дорад ҳар чӣ, шабнам мешавад.
Магзаред аз ҳақ, ки бар хони мукофоти амал
Даъвии ботил қасам гар мехӯрад, сам мешавад.
Бо хамӯшӣ соз кун, Бедил, ки дар аҳли замон
Гар ҳама мадҳ аст, то бар лаб расад, зам
мешавад.