Чоки кисвати фақрам ранги ханда мерезад,
Чоки кисвати фақрам ранги ханда мерезад,
Бахя бе баҳоре нест, гул зи жанда мерезад.
Дар димоғи парвона бол мезанад ашкам,
Қатраҳои ин борон пур тапанда мерезад.
Дар адам ҳам аҷзоям дастгоҳи зинҳорест,
Ин ғубор бар ҳар хок хаткашанда мерезад.
Реша дар ҳаво дорем, то куҷо ҳавас корем?
Донаи шарар дар хок норасанда мерезад.
Боғи мо чаман дорад дар замини хомӯшӣ,
Ғунча бошу гул мечин, гул ба ханда мерезад.
Бехабар, нагардидӣ маҳрами кафи афсӯс,
К-ин дуруштии табъат аз чӣ ранда мерезад?
Гарди нотавони мо чанд бар ҳаво бошад?
Гар ҳама фалактоз аст, боли канда мерезад.
Нома гар ба роҳ афканд, узрхоҳи қосид бош,
Болҳо чу шамъ ин ҷо аз паранда мерезад.
Ҷавҳари талош аз ҳирс поймоли нокомист,
Ҳар арақ ки мо дорем, ин даванда мерезад.
Поси обрӯ то хун фарқи нозуке дорад,
Он ба теғ мерезад, ин ба ханда мерезад.
Ҷуз ҳаё, намебошад ҷавҳари карам, Бедил,
Ҳар чӣ резише дорад, сарфиканда мерезад.