Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад,
Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад,
Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад.
То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман
Аз ҳалқаи гесӯят гулҳои назар хандад?
Дар кишвари муштоқон бе партави дидорат
Хуршед чаро тобад, баҳри чӣ саҳар хандад?
Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,
Ҷон медамад аз лаълат, чун барқ агар хандад.
Бо аҳли фано ҳар кас дорад сари якрангӣ,
Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.
Дар коргаҳи хубӣ, ё Раб, чӣ назокатҳост?
Сад кӯҳ ба худ болад, то мӯи камар хандад.
Дар ҷӯи дами теғат ширинии обе ҳаст,
К-аз ҷӯши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад.
Сомони тараб саҳл аст з-ин нақд, ки мо дорем,
Субҳ аз ду нафас фурсат бар худ чӣ қадар хандад?
Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад,
Бо гиря мудоро кун чандон, ки асар хандад.
Аз саъйи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан
Гул низ агар хандад, аз паҳлуи зар хандад.