Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чун оби равон пур магузар бехабар аз худ,

Чун оби равон пур магузар бехабар аз худ, К-аз ҳар чӣ гузаштӣ, нагузаштӣ магар аз худ. Дар боргаҳи ишқ на радде, на қабулест, Эй туҳфакаши ҳеҷ, ту худро бибар аз худ. Гарди нафасе беш надорад саҳар ин ҷо, Кам нест, диҳӣ арзи асар ин қадар аз худ. Дар паллаи мавҳумии мо кӯҳи гарон аст, Санге ки надорад ба тарозу шарар аз худ. Чашме бикушо, маншаи парвоз ҳамин аст, Чун байза шикастӣ, дамадат болу пар аз худ. Ҳайҳот, ба сад дашту дар аз ваҳм давидем, Аммо нарасидем ба гарди асар аз худ. Гар то ба абад дар ғами асбоб бимирад, Олам ҳама розест ба ин дарди сар аз худ. Афтод ба гардан ғами пирӣ, чӣ тавон кард? З-ин ҳалқа ҳам, афсӯс, нарафтам бадар аз худ. Сайри сари зону ҳам аз афсуни ҷунун буд, Афканд хаёлам ба ҷаҳоне дигар аз худ. Саҳл аст гузаштан зи ҳавасҳои ду олам, Гар марди раҳӣ, як-ду қадам даргузар аз худ. Ёрони адамтоз ғубори тапише чанд Пеш аз ту фишонданд дар ин дашту дар аз худ. Вокаш ба тасалликадаи кунҷи тағофул, Бишнав манумои ҳама чун гӯши кар аз худ. Эй мавҷ, гар эҳсони талаб дар назари туст, Дар васли гуҳар ҳам накушоӣ камар аз худ. Оина шудан чист дар ин маҳфили ибрат Ҳангоми тарошидани айбу ҳунар аз худ? Дар халқ гар инсоф шавад оинадорат, Бедил, чу худат кас нанамояд батар аз худ.