Ҷамъият аз он дил, ки парешони ту бошад,
Ҷамъият аз он дил, ки парешони ту бошад,
Маъмурии он шавқ, ки вайрони ту бошад.
Умрест, дили хуншуда бетоби гудозест,
Ё Раб, шавад оинаву ҳайрони ту бошад.
Сад чарх тавон рехт зи парвози ғуборам,
Он рӯз, ки дар сояи домони ту бошад.
Доғам, ки чаро пайкари ман соя нагардид?
То дар қадами сарви хиромони ту бошад.
Ушшоқ баҳори чаманистони хаёланд,
Пӯшидагӣ оинаи урёни ту бошад.
Ҳар нақши қадам хумкадаи олами нозест,
Ҳар ҷо асари лағзиши мастони ту бошад.
Наззора зи кавнайн ба кавнайн напардохт,
Пайдост, ки ҳайрони ту ҳайрони ту бошад.
Мапсанд, ки дил дар тапиши яъс бимирад,
Қурбони ту, қурбони ту, қурбони ту бошад.
Сарҷӯши табассумкадаи нози баҳор аст,
Чине ки шиканпарвари домони ту бошад.
Дар дил тапише мехалад аз шубҳаи ҳастӣ,
Ё Раб, ки нафас ҷунбиши мижгони ту бошад.
Бедил, суханат нест ҷуз иншои таҳайюр,
Ку оина, то сафҳаи девони ту бошад?!