Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Танпарастон, ки ба ин нону намак айёшанд

Танпарастон, ки ба ин нону намак айёшанд Бе такаллуф, ҳама болидани нону ошанд. Сару гардан ҳама дар даври шикам рафта фурӯ, Пуру холию сабукмағзтар аз хашхошанд Рабти ҷамъияташон вақфи тағофул зи ҳам аст, Чашм агар боз шавад, чун мижаҳо мепошанд. Оҳ аз ин номасиёҳон, ки зи машқи манумо То дил оинаи роз аст, нафаснаққошанд. Гуфтугӯ гар надарад парда, касе ин ҷо нест, Ҳама мазмуни хаёле, зи иборат фошанд. Шаш ҷиҳат матлаи хуршеду сияҳрӯзе чанд Сояпарварди қафои мижаи хаффошанд Ғорати ҳам чӣ хаёл аст, равад аз дилашон? Дар назар то кафане ҳаст, ҳамон наббошанд. Инфиоле агар ояд ба миён, истеҳзост, Ин намандуда ҷабинҳо арақе мешошанд. Умр дар суҳбати ҳам сарф шуд, аммо зи нифоқ Кас надонист, ки ёрон ба куҷо мебошанд? Бетамиз аҳли дувал мегузаранд аз сари ҷоҳ, Ҳама бар махмалу дебо қадами фаррошанд. Пеши арбоби маонӣ зи фусунҳои ҳиял Рӯ масозед, ки ин оинаҳо наққошанд. Бедил, аз аҳли адаб бош, ки чун гарди саҳар Ин тааммулнафасон арсаи бепархошанд.