Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Буд агар Хайём ҳамдаврони мо,

Буд агар Хайём ҳамдаврони мо, Орзуҳояш ба сомон мерасид. То ба чархи дигар, афлоки дигар Дасташ осон мерасид. Бешак, ӯ мебуд марди ҳамназар Бо Сиолковискӣ ё ки Эншитен. Дар замин меҷуст агар рози фалак, Дар фалак – рози замин. Бешак ӯ аз мо фузун ғам мекашид Дар ҷаҳони мардию риндигарӣ. Бешак ӯ меҷуст аз мо бештар Роҳу расми дилбарӣ. Лек бо он рӯҳи исёнии худ, Бо ҳама бебокию азми дуруст Он ҳақиқатро, ки меҷуст он замон, Ин замон ҳам боз меҷуст...