Намебошад дили маъюс бе кайфияти нозе,
Намебошад дили маъюс бе кайфияти нозе,
Парӣ з-ин базм дур аст, эй шикасти шиша, овозе!
Ба таскини дили бетоби мо умрест, механдад
Шарархӯ луъбате, дар хонумонҳо оташандозе.
Ба боди нестӣ рафтем аз афсуни худороӣ,
Набуд оинаи мо ҷуз ғубори шуълапарвозе.
Ту хоҳӣ, навбаҳораш хону хоҳӣ, фитнаи маҳшар,
Зи муште хоки мо хоҳад дамидан шавқи гулбозе.
Дар ин аср аз тамизи модаву нар доғ шуд фитрат,
Ҷаҳон пар мезанад дар сояи боли ғаливозе
Харон пур беҳисанд аз фаҳми андози гуландомон,
Магар з-ин анҷуман хезад лагадсармояи нозе.
Тамизи хубу зишт аз дидаи ҳезон намеояд,
Муқобилкӯби чандин бастагӣ дорам дари бозе.
Назокат бар хамӯшӣ бастааст оини ин маҳфил,
Лаб аз ҳам во макун, то нагсалонӣ риштаи созе.
Дар ин саҳро надонам, ошёни ман куҷо бошад?
Ғубори бепаруболам, ситамфарсои парвозе.
Ба номусе муҳаббат пайкарамро кард хокистар,
Ки дуде пар наяфшонд аз чароғи чашми ғаммозе.
Зи саъйи ҳарза чун хуршед рӯзи худ сияҳ кардам,
Бар анҷомам магар хандад чароғи гиряоғозе.
Шабе аз гӯшаи чашми адам ғофил шудам, Бедил,
Ҳанӯзам гӯш мемолад паёми сурма овозе.