ҶОДА МЕМИРАД
(Ба ёди пайкари захмии ҷодаи Майванд)
Ҷода ҳар шаб мезанад фарёд,
Ҷода захме дорад аз бедод,
Ҳой, мардум,
Ҷода мемирад.
Он раги ҷунбандаи шаҳри хушу озода мемирад,
Ҷода як рӯзе
гулӯи гарми ғавғои далерон буд,
Ҷода шабҳо
маъбари хомӯши мардон буд.
Ҷода мазлумона
дар зери ғубори ғуссаҳо гум шуд,
Ҷода холӣ
. аз садои мардум шуд.
Ҷода мемирад...