РАФТАНИ АФРОСИЁБ ВА СИЁВУШ БА ШИКОР
Бад-он шоҳзода чунин гуфт шоҳ,
Ки «Як рӯз бо ман ба нахчиргоҳ
Биё, то ки дил шоду хуррам кунем,
Равонро ба нахчир беғам кунем.
Бад-ӯ гуфт: «Ҳар гаҳ ки рой оядат,
Бад-он сӯ, ки дил раҳнамой оядат.»
Бирафтанд рӯзе ба нахчиргоҳ,
Ҳаме рафт бо бозу бо юз шоҳ.
Сипоҳе зи ҳар гуна бо ӯ бирафт
Аз Эрону Турон ба нахчир тафт.
Сиёвуш ба дашт-андарун гӯр дид,
Чу бод аз миёни сипаҳ бардамид.
Сабук шуд инону гарон шуд рикеб,
Ҳаме тохт андар фарозу нишеб.
Якеро ба шамшер зад бар ду ним,
Ду дасташ тарозу шуду гӯр сим.
Ба як ҷав зи як сӯ гаронтар набуд,
Назора шуд он лашкару шоҳ зуд.
Бигуфтанд яксар ҳама анҷуман,
Ки инат сарафрозу шамшерзан.
Ба овоз гуфтанд бо якдигар,
Ки моро бад омад аз Эрон ба сар.
Набардасарон андаромад ба нанг,
Сазад, гар бисозем бо шоҳ ҷанг.
Ба ғору ба кӯҳу ба ҳомун битохт,
Ба шамшеру тиру ба найза бисохт.
Ба ҳар ҷойгаҳ-бар яке тӯда кард.
Сипаҳро ба нахчир осуда кард.
В-аз он ҷойгаҳ сӯи айвони шоҳ
Ҳама шоддил баргирифтанд роҳ.
Сипаҳбад чи шодон будӣ, чи дижам,
Ба ҷуз бо Сиёвуш набудӣ ба ҳам.
Зи Ҷаҳну зи Гарсевазу ҳар кӣ буд,
Ба кас роз накшоду шодон набуд.
Магар бо Сиёвуш будӣ рӯзу шаб,
Аз ӯ баркушодӣ ба ханда ду лаб.
Бар ин гуна як сол бугзоштанд,
Ғаму шодмонӣ ба ҳам доштанд.